Kitabı oxu: «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ»
© Миралиён Қиёмиддин, 2019
ISBN 978-5-4496-3737-6
Создано в интеллектуальной издательской системе Ridero
СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
маводи таълимӣ
Муқарризон:
Идиев Х. У. – муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор;
Шоисматуллоев Ш. Ш. – мудири шуъбаи сотсилогияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сотсиология, профессор;
Самиев Б. Ҷ. – сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор.
Китоб бо назардошти ҷанбаҳои назариявӣ, илмии методологӣ ва хусусиятҳои озмоишию амалии идоракунии иҷтимоӣ ва ё сотсиологияи идоракунӣ дар шароити ҷомеаи муосир, инчунин вазъ ва имкониятҳои идоракунӣ дар Тоҷикистон омода шудааст.
Маводи мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, унвонҷӯён, магистрантҳо ва шахсони дигари дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия дода мешавад.
Бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/11 барои нашр тавсия дода шуд.
МУНДАРИҶА
ПЕШГУФТОР
БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§1. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§2. ТАШАККУЛЁБИИ РАВАНДҲОИ ИДОРАКУНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
§3. МАВЗУЪ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§4. САМТҲОИ АСОСИИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§5. АФКОРИ МУТАФАККИРОНИ ШАРҚ ДАР ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ
БОБИ II. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
§6. ҚОНУНҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
§7. ҶУЗЪҲОИ (ЭЛЕМЕНТҲОИ) АСОСИИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
§8. ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ, НИЗОМҲО ВА ИНСТИТУТҲО
§9. МЕЪЁРҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР РАВАНДҲОИ ИДОРАКУНӢ
§10. МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНӢ.
§11. МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР ИДОРАКУНИИ ИҶТИМОӢ
§12. МАДАНИЯТИ ТАШКИЛӢ ДАР ИДОРАКУНӢ
§13. МАДАНИЯТИ ТАШКИЛИИ ШАХСИЯТ
§14. МАДАНИЯТИ МУТТАҲИДӢ (КОЛЛЕКТИВ) ЗИМНИ ИДОРАКУНӢ
§15. НАҚШИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТАҲКИМИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ
БОБИ III. УСУЛҲОИ ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ
§16. ТАДҚИҚОТҲОИ СОТСИОЛОГӢ ДАР ИДОРАКУНӢ: НАМУДҲОИ ТАҶРИБАВӢ ВА АМАЛИИ ОН
§17. ТАФСИРИ (ШАРҲИ) ТАДҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ
§18. УСУЛҲОИ ИНТИХОБ (ХОСТАГИРӢ) ДАР ТАДҚИҚОТИ ҶАРАЁНҲОИ ИДОРАКУНӢ
§19. ПЕШБИНӢ ВА ПЕШГӮИИ ИҶТИМОӢ: УСУЛҲОИ ТАТБИҚ ВА АМАЛИСОЗӢ
§20. ПЕШГӮИИ ИҶТИМОӢ ВА УСУЛҲОИ ТАТБИҚИ ОН
§21. БАНАҚШАГИРӢ ВА ЛОИҲАСОЗИИ ИҶТИМОӢ
§22. ТЕХНОЛОГИЯ ВА ТАРЗИ БАРНОМАСОЗИИ ИҶТИМОӢ
§23. ТЕХНОЛОГИЯҲОИ АМАЛИИ ИДОРАКУНӢ ВА ИҶТИМОӢ
БОБИ IV. РОБИТА ВА НАҚШИ ОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ ИДОРАКУНӢ
§24. МАДАНИЯТИ РОБИТАВӢ ДАР ИДОРАКУНӢ
§25. УСУЛҲОИ ТАШКИЛИ ИТТИЛООТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ИДОРАКУНӢ
§26. ИШТИРОК ВА ШАРИКӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ИДОРАКУНӢ
§27. НЕРӮИ (ПОТЕНСИАЛИ) ЭҶОДИИ МЕҲНАТӢ-ИСТЕҲСОЛИИ ИНСОН ЗИМНИ ИДОРАКУНӢ
§28. ИМКОНИЯТҲО ВА ЗАХИРАҲОИ ИҶТИМОӢ – ПСИХОЛОГИИ ИДОРАКУНӢ
§29. СИМОИ ТАШКИЛОТ: УСУЛҲОИ ТАШАККУЛДИҲӢ ВА РУШД
§30. ТАВАККАЛ, ТАРЗУ УСУЛҲОИ ТАНЗИМ ВА БАРТАРАФСОЗИИ ОН ДАР ФАЪОЛИЯТ
§31. БУҲРОН ДАР ҶАРАЁНИ ИДОРАКУНӢ: УСУЛҲОИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БА ОН
§32. ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТИИ ИДОРАКУНӢ.. 227
§33. МЕНЕҶМЕНТ ВА Ё ИДОРАКУНӢ: ТАШАККУЛЁБӢ, ХУСУСИЯТНОКӢ ВА ИСТИФОДАИ ОНҲО ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН
САВОЛҲО ВА ҶАВОБҲОИ ЭҲТИМОЛӢ БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШИ ДОНИШҶӮЁН
ПЕШГУФТОР
Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф таҳким, такмил ва рушди муносибатҳои идоракунӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ва муносиб дар самти татбиқи принсипҳои либералии (демократии) идоракунӣ, зимнан истифодаи пурмаҳсули захираҳои инсонӣ, нерӯи зеҳнии ҷомеа ва рушди имкониятҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавии мамлакат ногузир ва хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ буда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ вазъ додааст. Яъне, ташкил ва пешбурди муносибатҳои идоракуниро наметавон бидуни ташаккули заминаҳои назариявӣ, илмӣ, методологӣ, маънавӣ, таълимии психологӣ ва методии амалии идоракунии иҷтимоӣ дар ҷараён гузошт.
Мутаассифона дар ҳолати имрӯза, ин масъала – татбиқи пурмаҳсули идоракунии иҷтимоӣ, дар кишвар дар сатҳи паст қарор дорад. Падидаи мазкур, танҳо бо дарназардошти талаботи стандарти таълимӣ дар гурӯҳи муайяни муассисаҳои таълимии олии касбӣ, он ҳам аз рӯи адабиёти хориҷӣ, ҳамчун фанни мустақил бо номи «Сотсиологияи идоракунӣ» ба донишҷӯён омӯзонида шуда истодааст. Илова бар ин, дар самти идоракунии иҷтимоӣ корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, озмоишӣ, таҷрибавӣ ва методию амалии мақсаднок, низ, гузаронида нашудаанд, ба ҷуз чанде аз шумори ками корҳои тадқиқотии хусусиятноки соҳаҳо ва ё фанҳои робитавӣ, ба монанди ҳуқуқ, фалсафа, иқтисод ва молия, ки бори дигар моро ба андешидани тадбирҳои дахлдор водор мекунад.
Аз ин лиҳоз, ба сифати яке аз тадбирҳои нахустин, бо фарогирии ҷанбаҳои васеи идоракунии иҷтимоӣ, китоб ё маводи таълимӣ – сотсиологияи идоракунӣ – бо назардошти шароити Тоҷикистони муосир ва рукнҳои асосии амалии идоракунӣ омода гардида, барои истифодаи васеъ пешниҳод карда мешавад.
Китоби мазкур барои таълим ба донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии касбӣ аз рӯи фанни «Сотсиологияи идоракунӣ» муқаррар шудааст, ҳамчунин барои истифода ба олимон, омӯзгорон, маъмурон (роҳбарони ташкилоту муассисаҳо), хизматчиёни давлатӣ, аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва шахсони дигар, ки дар соҳаи идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ ва менеҷмент машғул мебошанд, тавсия мегардад.
БОБИ I. ЗАРУРАТ, МАЗМУН ВА МУНДАРИҶАИ ФАННИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
1.1 Ташаккулёбии сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун илм
Сотсиологияи идоракунӣ ҳамчун мавзӯи таҳқиқу омӯзиш нав буда, дар асоси илмҳои идоракунӣ ва ҷамъиятшиносӣ (сотсиология) дар самти танзим ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо шудааст.
Илми идоракунӣ дар навбати худ, дар шароити пайдо шудани зарурат барои омӯзиши муносибатҳо ва ҷараёнҳои гуногун, фаррох, худфаъол, бисёрҷабҳа, байнисоҳавӣ ва ҷамъиятии идоракунӣ ба амал омадааст.
Идоракунӣ умри куҳан дошта, аз рӯзи ҳастии инсоният ҳамчун василаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, идора ва ҳамоҳангсози одамон оид ба амалигардонии фаъолияти муайян дар шакли давлат ва ё давлатдорӣ арзи вуҷуд дорад. Ҳанӯз дар давраҳои қадим одамон ба қабилаҳо ҷудо гардида, якеро аз байни худ, албатта бо назардошти бартариятҳои муайян ҳамчун сарвар интихоб менамуданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи рӯзгор ва рӯзмараи хеш зимни қабул ва татбиқи қарорҳо ба ӯ итоат мекарданд; ки ин шакли идории ҷамъиятиро монанд месозад.
Шаклҳои гуногун ва нисбатан устувори идоркунӣ асосан аз фаъолияти қадими давлатдорӣ дар Осиёи миёна пайдо гардидааст, аз ҷумла давлатҳои қадимтарини Аншон, Кумош ва Эллам (аз асри VIII ҳазораи V то асри VII пеш аз милод), инчунин давлатҳои Кассатиҳо, империяи аввалини форс Ҳахоманиш, Порт, Сосониён, Сомониён ва ғайра.
Барои мисол давлати Ҳахоманишиён (558—331 пеш аз милод) бо системаи Сатрап амал мекард, ки онро ба сохти Иттиҳоди давлатҳои Аврупо ва ё Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шабоҳат додан мумкин аст. Давлати Ҳахоманишиён аз 33 Сатрап (ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои бузург) ба монанди Бохтар, Суғд, Хоразм, Миср ва ғайра иборат буд, яъне ҳар як Сатрап як ҷумҳурӣ ва ё вилоятро ташкил медод. Системаи Сатрап, ба подшоҳи марказӣ – Шоҳаншоҳи Ҳахоманишҳо вобастагӣ дошт, аммо ҳар як Сатрап шоҳи худро низ дошт ва ба содироту воридот, буҷет ва тақдири одамон масъулияти шахсӣ доштанд ва мустақилона амал мекарданд. Сатрапҳо артиш надоштанд, мувофиқан харҷи зиёд намекарданд, аммо ҳар сол ба ҳокимияти марказӣ андоз месупориданд. Артиш ва ба ин васила ҳифзу таъмини бехатарии ҷомеа бар уҳдаи ҳокимияти марказӣ буд. Дар Форс ҳукмронӣ танҳо дар ягонагии умумии худ иттиҳоди халқҳо мебошад, ки ба халқҳои муттаҳид озодона арзи вуҷуд намуданро пешниҳод мекунад – гуфта буд, Гегел (Умарзода И. Таърихи тамаддуни Ориён. 2006.). Дар ин ҷо боиси зикр аст, ки сиёсати идоракунии демократӣ ва ё либералии давлат, ба монанди мустақилият ва озодӣ маҳз дар фаъолияти давлати Ҳахоманиш васеъ инъикос меёбад, яъне демократия барои мо бегона нест, гараанде онро мо акнун (дар шакли муосир) омӯхта ва амалӣ гардонида истода бошем ҳам.
Илми идоракунӣ тибқи назариёти таҳқиқотчиёни Ғарб дар нимаи дуюми асри XVIII ба вуҷуд омадааст, аммо назариёти давлатдорӣ, мувофиқан, усулҳо ва василаҳои гуногуни идоракунӣ мувофиқи рисолаи «Сиёсатнома» -и мутафаккирони Шарқ Низомулмулки Тусӣ (1063—1092) хеле барвақт аз асри XI манша мегирад. Яъне, новобаста аз он ки дар ҷаҳони муосир дастовардҳои илмии соҳаи идоракунӣ бештар ба таҳқиқотчиёни Ғарб рабт дода мешавад, аммо заминаҳои назариявии он ҳанӯз 6 садда пеш (дар имрӯз низ) аз ҷониби мутафаккири форсу тоҷик Низомулмулки Тусӣ бо фарогирии услуб ва усулҳои гуногуни идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи Шариат (таълимоти дини мубини Ислом) таълиф гардидааст. Низомулмулк бо назардошти таҷрибаи идоракунии давлатҳои «Сомониён» ва «Ғазнавиён» мактабҳо, ки бо номи «Низомия» шинохта мешуданд, ташкил намуда, дар мубориза ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ходимони давлатиро тарбият менамуд.
Аз ин ҷо бармеояд, ки назарияҳои таҳлилу таҳқиқотии марбут ба идоракунӣ на асри XVIII, балки асрҳои X – XI ва на дар Ғарб, балки дар Шарқ ва бо саҳми муносиби мутафаккирони форсу тоҷик нуфуз пайдо намудааст. Аммо корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию амалӣ дар самти мазкур дар воқеъ оғоз аз асрҳои XVIII – XIX ва асосан дар Ғарб равнақ ёфта, то ба имрӯз дар назарияҳо ва моделҳои гуногуни идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии иҷтимоӣ зимни коркард ва татбиқи васеъ қарор дода шудаанд.
Назариёти Низомулмулк вобаста ба идораи давлатӣ аз усулҳо ва василаҳои зерин иборат мебошад (Заходера Б. Н. Сиасет-наме. 1949):
– Эҳтиром гузоштани ҳокимон ба фаровонӣ ва ризқу рӯзии (аз ҷониби Худованд) фароҳамгардида;
– Таъмини адолат ва ҳалли баҳсҳо дар байни одамон;
– Назорати кору фаъолияти вазирон, раисон, қозиён ва дигар ходимони давлатӣ;
– Таҳқиқот ва тафтишот аз рӯи боварӣ ва эътиқодмандии ҷомеа ба Шариат ва рукнҳои он;
– Иҷро кардан ва эҳтиром гузоштан ба амру фармонҳои Роҳбари Олӣ (Шоҳ);
– Сафорати намояндагон ва ё ходимони давлатӣ барои иҷрои вазифаҳои махсус ва муҳим;
– Шӯрои (машварати) илмии давлатӣ;
– Таъмини мудофиа ва тартиботи истифодаи яроқу аслиҳа;
– Асосҳои хизмати (хизматрасонии) туркманҳо, туркҳо ва ғуломон;
– Тартиби маҷлисҳо ва қабули наздикон;
– Танбеҳи ходимони давлатӣ барои хатогиҳои ошкоршуда;
– Қадрдонии хизматгорон ва ғуломон барои хизматҳои шоиста;
– Фаъолияти иқтисодӣ ва молиявӣ дар идораи давлатӣ;
– Назорати андозбандӣ ва ҳисоббаробаркунӣ.
Дар умум назариёт ва тавсияҳои Низомулмулк ба идораи давлат бар асоси адолат, футувват, инсондӯстӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва эҳтироми иҳотакардагон ва хизматгорон, ки аз таълимоти дини мубини Ислом бармеояд ва дар фаъолияти кулли кишварҳои ҷаҳон имрӯз низ дар амал мебошанд, ба амал бароварда шудаанд.
Саҳми олимони Ғарб дар рушди илми идоракунӣ, ки онро ба фаҳмиши муосири идоракунӣ рабт додан мумкин аст, ду-се саддаи охир назаррас гардид, зеро сохти идоракунии давлатии кишварҳои Ғарб ба муваффақиятҳо ноил гардида, то имрӯз таҷрибаи онҳо ба дигар минтақаҳои ҷаҳон паҳн карда шуда истодааст. Дар ин раванд мавқеи фаъолро сохти либералӣ ва ё демократии идоракунии давлатӣ ишғол менамояд, ки маҳз ҳамин модел таваҷҷуҳи зиёди олимони рӯи оламро барои омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои марбут ба идоракунӣ, аз ҷумла идоракунии ҷамъиятӣ ҷалб намуд.
Дар самти идоракунии ҷамъиятӣ саҳми зиёди олимон Ҷ. Локк, Б. Спиноз, Ж. Руссо ва дигарон назаррас мебошад. Дар корҳои тадқиқотии онҳо назарияи давлати ҳуқуқбунёд ва принсипҳои либерализм ва демократизм, ки ба идоракунии низомҳои иҷтимоии мураккаб асос меёбанд, оварда шудаанд.
Идоракунии иҷтимоиро ба принсипҳои илмии идоракунии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истеҳсолии аз ҷониби Ф. Тейлор, А. Файол, М. Вебер, Э. Мэйо ва дигарон ташаккул ёфта асоснок кардан мумкин аст.
1.2 Назарияҳои муосири сотсиологияи идоракунӣ
Барои осон гардидани баррасиҳои оянда 10 назарияҳои нисбатан маъмули сотсиологияи идоракуниро, ки бештар таваҷҷуҳи олимон ва муҳаққиқону мутахассисонро ҷалб намудааст ва дар ҷараёни фаъолияти идоракунии ҷамъиятию давлатӣ истифода мегарданд, ҷудо менамоем:
– Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор);
– Маъмурияти фаъолият (А. Файол);
– Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо);
– Талаботи инсонӣ (А. Маслоу);
– Ҳавасмандгардонӣ ва омилҳои шавқангез ва ё сабабнок (бедорсозии завқу рағбат) (Ф. Хертсберг);
– Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор);
– Ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ (П. Блау, Р. Мертон, Т. Парсон);
– Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ (Н. Винер, О. Эшбӣ);
– Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ (Ч. Барренд, Г. Саймон);
– Ташкилот (П. Блау, М. Фуко ва М. Вебер).
Тақсимоти баробари меҳнат ва таъмини самаранокии истифодаи қувваи корӣ (Ф. Тейлор)
Консепсияи муҳандиси америкоӣ Ф. Тейлор (1856—1915), ки ба танзими рафторҳои меҳнатии кормандон дар самти истеҳсолот равона гардида буд, сабаби пайдо шудани мафҳуми «Менеҷменти илмӣ» гардид. Назарияи ӯ асосан тақсимоти баробари меҳнат ва истифодаи самараноки кормандро дар истеҳсолот фаро гирифтааст. Дар ин ҷо муайян гардидани зарурат оид ба мувофиқаи манфиатҳо байни шахсони кироя (кормандон) ва кордиҳанда мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Яъне, барои самаранокии фаъолият кордиҳандаро зарур аст, ки манфиатҳои корхонаро бо корманд, аз ҷумла шахсони барои кор кироя шуда мувофиқа намояд ва албатта мақсади ин консепсия ба баланд бардоштани шахсияти корманд асос меёбад. Аммо татбиқи самараноки вазифаҳо бештар хусусияти иқтисодӣ дошта, он ба меъёрҳое асос меёбад, ки камхарҷии корхонаро тариқи истифодаи босамари қувваи корӣ инъикос менамояд. Меъёрҳои баҳогузории самаранокӣ ва ё сифати меҳнат фаъолияти кормандро бо принсипи: ба қафомондаҳо ҷарима додан; пешравандагонро қадрдонӣ намудан; ва ба мобайнӣ (иҷрокунандагони нақша) таъмини маоши муқарраргардида – фаро мегирад.
Ин усул гарчанде нисбат ба шахсият каме сахтӣ орад ҳам, вале дар фаъолият на танҳо нисбат ба кордиҳанда, балки нисбат ба ҳамкорон ва поддоши муайяншуда адолатро таъмин менамояд. Ин консепсия шахсро маҷбур месозад, ки аз рӯи худ кор кунад ва дар фаъолияти меҳнатӣ пешрафт дошта бошад.
Дар шароити имрӯза низ, аз ҷумла барои кишварҳои рӯ ба инкишоф дар самти истифодаи самараноки қувваи корӣ на танҳо дар истеҳсолот, балки дар тамоми зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ ҷорӣ кардани конспесияи мазкур ба манфиат мебошад.
Маъмурияти идоракунӣ (А. Файол)
Муҳандис ва соҳибкори франсавӣ Анри Файол (1841—1925) тавлидгари назарияи маъмурияти идоракунӣ мебошад. Ӯ тасдиқ мекард, ки идора кардан – маънои пеш бурдани корхонаро барои расидан ба мақсади муайян бо назардошти гирифтани (аз худ кардани) манфиати зиёд (маҳсули бисёр) аз захираҳои мавҷудаи дар ихтиёрбуда, дорад.
Олим бар он назаре буд, ки ҳар як ташкилот аз ду қисмат: моддӣ ва иҷтимоӣ иборат мебошад. Қисмати якум меҳнати истеҳсолии кормандро фаро гирифта, қисмати дуюм ба муносибатҳои байниҳамдигарии одамон дар ҷараёни истеҳсоли неъматҳои моддӣ асос меёбад. Дар инҷо дар баробари фоиданокии ташкилот, ҳамчунин ба инобат гирифтани робитаҳои мустақими кормандон баррасӣ гардидааст, ки албатта аз усулҳои муносиби идоракунӣ маҳсуб мегардад.
Идоракунӣ, ба фикри олим, намудҳои гуногуни фаъолиятро, аз қабили техникӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, муҳофизатӣ, муҳосибӣ ва маъмурӣ фаро мегирад.
Яке аз дастовардҳои А. Файол дар самти идоракунии маъмурӣ ба таълиф гардидани принсипҳои зерини идоракунӣ асос меёбад:
– Тақсимоти меҳнат. Мақсад тахассус додан мебошад, ки дар ниҳоят он ба зиёд гардидани таҷриба ва такмил ёфтани малакаи кории шахс / корманд оварда мерасонад. Ҳамзамон, ин усул ба самаранокии фаъолияти меҳнатии ҳар як корманд дар алоҳидагӣ ва ташкилот дар умум мусоидат менамояд;
– Ҳокимият. Ҳукмфармоӣ тавозуни иҷрои байни вазифаҳо ва уҳдадориҳоро таъмин менамояд.
– Тартибот. Кормандон бояд ба роҳбар итоат кунанд, аммо идоракунанда низ бояд нақши муносиби сарвариро дошта бошад.
– Яккасардорӣ дар идоракунӣ. Ҳар як корманд бояд як роҳбар дошта бошад.
– Равонасозии ягона. Шахсоне, ки барои иҷрои як намуди фаъолият равона гардидаанд, бояд вазифаҳои монанд ва нақшаи ягона дошта бошанд.
– Тобеияти манфиатҳои фардӣ ба умум. Роҳбарият бояд назорат кунад, ки мақсадҳои корхона аз манфиатҳои корманд (он) боло истад.
– Ҳавасмандӣ. Маош (моҳона) сабабнокии муҳим дар баҳисобгирии имкониятҳо мебошад ва ин беҳтарин низом ва ё василаи идоракунӣ ба ҳисоб меравад.
– Марказонидан (ғайримарказонӣ). Ин масъала сатҳи шароитҳои кории корхона ва сифати ҳайати шахсии онро муайян мекунад.
– Зинабандии скалярӣ. Ин зинабандии ҳокимият аз боло ба поён мебошад. Иерархия (зинабандӣ) барои идоракунии самтнок ва ягона зарур аст. Аммо робитаи уфуқӣ (горизонталӣ) низ асос шуморида мешавад, зеро он дар идоракунӣ нақши худро соҳиб мебошад.
– Фармонбарорӣ. Дар инҷо, ҳам фармонҳои моддӣ ва ҳам иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегарданд. Фармонбарор вақти худро ба анҷом додани амалҳои моддии нодаркор сарф намекунад, аммо маҳз ҳамин амалҳо фаъолияти идоракуниро нигоҳ медоранд.
– Адолат. Садоқат ва ростқавлии ҳайати шахсӣ бояд тавассути муносибати эҳтиромона ва адолатноки маъмурият (роҳбарият) нисбат ба тобеон таъмин карда шавад.
– Устувории низоми вазифадор ва ё масъулиятнок намудани ҳайати корӣ. Корманд вазифаи худро беҳтар иҷро мекунад, агар бехатарии ҷойи корӣ ва пешравӣ дар мансаб ва ё вазифа барои ӯ кафолат дода шавад.
– Ташаббускорӣ. Ба тамоми кормандон имконият дода шавад, ки ташаббусҳои худро дар самти рушд ва устуворсозии корхона нишон диҳанд.
– Руҳбаландӣ дар тим (команда). Роҳбарият бояд дар муттаҳидсозии кормандон ва баланд бардоштани руҳияи онҳо масъул бошад.
Файол назар дорад, ки маҳорати воқеии шахс ба ҳамоҳангӣ ва дастгирӣ ниёз дорад. Бояд ки шавқу рағбати корманд дастгирӣ гардад, қобилияти ҳар як нафар мавриди истифода қарор дода шавад, ҳар як дастовард бидуни бухлу кановат қадр карда шуда, муносибати хуб ва муносиб ба роҳ монда шавад.
Гуфтан мумкин аст, ки маҳз дастоварди илмии А. Файол имкон дод, ки идоракунӣ ҳамчун фаъолияти мустақил ва махсуси одамон мақом пайдо кунад. Назари маъмурияти ташкилоту корхонаҳо ба идоракунӣ дигар шуд, аз ҷумла усулҳои иҷтимоӣ ва психологиро зимни истифода (омӯзиш) қарор доданд. Дар ниҳоят соҳаи нави илм – сотсиология ва психологияи идоракунӣ пайдо гардид, ки ин ду равияро (назарияи Файол) ба ҳам тавъам месозад.
Муносибатҳои инсонӣ (Э. Мэйо)
Самти муносибатҳои мутақобилаи инсонӣ дар идоракунӣ ба назарияи Элтон Мэйо (1880—1948), ки дар натиҷаи «озмоишҳои хотторнӣ» коркард шудааст, рабт дода мешавад. Дар ин ҷо муносибатҳои расмӣ ва ғайрирасмии мутақобилаи одамон дар ташкилот мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Дар натиҷа ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷоя дар истеҳсолоти меҳнатӣ бартарият дода мешавад. Ҷанбаҳои иқтисодии шахс ва рукнҳои иҷтимоӣ ҷойиваз мегарданд. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ мегарданд. Мс. фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурият арзиш дорад.
Ҳамчунин, тибқи консепсияи Мэйо ба омилҳои иҷтимоӣ-психологӣ, ба монанди назорати ҳамоҳангшуда ва мушаххасгардида, риояи ҳатмии тартиби кор, сатҳи қадрдонии фардӣ, тахассуснокии маҳдуди вазифаҳо, усули идораи авторитарӣ, интихоби дурусти кадрҳо ва василаҳои меҳнатӣ дар фаъолияти идоракунӣ бартарӣ дода мешавад. Аз ҷумла, назарияи Э. Мэйо муносибатҳои зерини инсониро дар фаъолияти идоракунӣ пешниҳод менамояд:
– бо ҳам пайваст намудани сохторҳои расмӣ ва ғайрирасмии ҳокимият;
– тахассуснокии маҳдуд;
– иштироки васеи кормандони қаторӣ дар идоракунӣ;
– ба роҳ мондани шаклҳои нави ташкили меҳнат, ки ҳавасмандӣ (сабабнокӣ) ва қаноатмандиро ба кор зиёд мекунад;
– баланд бардоштани нақши гуруҳи хурд ва ҳамфикрии кормандон.
Дар умум тибқи назарияи Мэйо манфиати иҷтимоии корманд бояд болотар аз манфиати иқтисодии кордиҳанда ва ё корхона истад ва пайваста чораҳое бояд андешида шаванд, ки шахс зарурат ва мақоми худро дар ҷойи кор эҳсос кунад, руҳбаланд гардад ва пайваста баҳри пешрафт талош варзад.
Дар инҷо байни назарияҳои Мэйо ва Тейлор тафовут пайдо мегардад, ки яке манфиати кормандро, дигаре манфиати кордиҳандаро дар ҷойи аввал мегузорад.
Талаботи инсонӣ (А. Маслоу)
Яке аз аввалинҳо шуда, психолог Абраҳам Маслоу (1908—1970) зинабандии талаботи инсониро таҳқиқ мекунад. Ба ақидаи Маслоу инсонро на талаботи ӯ, балки дараҷаи қаноатманд набудани ӯ пеш мебарад. Бо ҳамин назар олим зинабандии зерини талаботи инсониро иборат аз панҷ сатҳ / гуруҳи сабабнокии рафтор дар робита ба ҳукмфармоӣ ва ё таъсиррасонии талабот ба он ҳолати муайян таҳия месозад:
– Талаботи табиӣ (физиологӣ) ва шаҳвонӣ – тавлиди (аз нав бавуҷудоварии) насл, нафаскашӣ, ҳаракати ҷисмонӣ, хӯрок, манзил ва ғайра;
– Талабот ба ҳастӣ – бехатарии ҳастии худи шахс, боварӣ ба оянда, шароитҳои муътадили фаъолияти ҳаётӣ, муҳити муайяни доимӣ ва мунтазами одамон. Инчунин, дар соҳаи меҳнат – талабот ба шуғли кафолатнок, суғурта аз ҳолатҳои фавқуллода ва ғайра;
– Талаботи иҷтимоӣ – робитаи иҷтимоӣ, муошират, монандии (баробарии) худ ба дигарон, иштирок дар фаъолияти якҷояи меҳнатӣ;
– Талабот ба худшиносӣ – эҳтиром ва худқадрдонӣ, болоравии хизматӣ, мақом, эътибор, эътироф ва баҳогузории баланд;
– Талаботи шахсият ва руҳӣ – худифодакунӣ ва худмуаррифӣ тавассути эҷодиёт.
Зинабандии талабот ҳамбастагии рафторҳоро ба якдигар ифода мекунад, яъне барои қонеъ гардонидани талаботи оянда, бояд ки талаботи аввалӣ (дараввалистода) қонеъ гардонида шавад, инро (зинабандиро) принсипи ҳукмфармоӣ низ мегӯянд.
Ду талаботи аввалро муҳаққиқ аввалиндараҷа (фитрӣ / модарзодӣ), сетои баъдиро дуюмдараҷа (ҳосилшуда / бадастоварда) меномад. Ҳамаи талабот даврӣ ва ё такрошаванда мебошанд. Мисол, шахс дар рӯзҳои аввали фаъолияти меҳнатӣ ба маоши кам ва мақоми баробар ба аксарият қонеъ мебошад, вале бо мурури вақт ва зиёд гардидани таҷриба / собиқа талаботи ӯ ба маоши хуб, мақоми баланд, шароити хуби зиндагӣ ва ғайра меафзояд.
Омилҳои сабабнок (шавқангезанда / ҳавасмандгардонанда) (Ф. Хертсберг)
Назарияи Ф. Хертсберг идомаи ғояҳои А. Маслоу буда, ба ду омилҳои мустақили сабабнокии (ҳавасмандии) меҳнат асос меёбад. Омили якум, – шароити меҳнат ва муҳити иҷтимоиро дар гуруҳ (коллектив) фаро гирифта, омили дуюм, – ба доираи гигиенӣ асоснок гардидааст.
Назарияи мазкур дар натиҷаи пурсиши гуруҳи муҳандисон ва муҳосибон ба вуҷуд омада, омилҳои ҳаммонанди таъсиррасонро ба рафтори одамон ошкор кардааст.
Консепсияи мазкурро ҳамчунин ба омилҳои дарунӣ ва беруна тавзеҳ додан мумкин аст.
Омилҳои «сабабнок / шавқангезанда» ва ё дарунӣ мундариҷа ва муҳтавои фаъолияти меҳнатии шахсро вобаста ба таъсирҳои бевоситаи шахсӣ ва дохилигурӯҳӣ фаро мегиранд. Омилҳои мазкур ифодагари он мебошанд, ки маҳз одам муваффақиятро ба даст меорад, хизматҳоро қадрдонӣ мекунад, дар вазифа пеш (боло) меравад, барои шуғл манфиатдор аст, барои пешравии касбӣ имкониятҳо фароҳам меорад ва дар фаъолият масъулият дорад. Таъсиррасонии мусбии ин омилҳо қаноатмандии шахсро ба кор / шуғлнокӣ афзун мегардонад ва шавқи ӯро барои боз ҳам фаъолияти хуб доштан зиёд мекунад. Аммо набудани ин омилҳо ба номуваффақӣ дар фаъолияти меҳнатӣ боис мегардад. Ҳамзамон, ин гуруҳ шавқмандӣ ва ё сабабнокии дохилӣ номида мешавад, ки ҳолати қаноатмандии шахсро дар робита ба эҳсоси иҷрои хуби кор ифода мекунад – ин худҳавасмандсозӣ аст. Барои корманд чӣ қадрдонӣ аз натиҷаи кор ва чӣ аз худи ҷараёни кор, ҳарду муҳим мебошад.
Дар ин ҷо Хертсберг фарқияти байни қаноатмандӣ ва қонеъ набудани шахсро аз ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ ошкор месозад.
Омилҳои «гигиенӣ» ва ё берунӣ ин шароитҳои меҳнатие мебошад, ки шавқмандӣ ва ё сабабнокии беруниро ташкил медиҳанд ва онҳо аз сиёсати корхона / ташкилот, назорати техникӣ, муносибат бо роҳбар, муносибатҳои мутақобила аз рӯи уфуқ, моҳона, бехатарии меҳнат, кафолати шуғлнокӣ, шароити корӣ, мақом, ҳаёти оилавӣ ва ғайра иборат мебошанд. Ё инки омилҳои берунӣ ин ҳавасмандии маънавии шахс новобаста аз табиат ва муҳтавои меҳнат – ҳавасмандгардонӣ аз берун мебошад. Агар ин омилҳо ба шахс таъсири манфӣ дошта бошад, пас сатҳи қаноатмандии ӯ ба кор паст мегардад.
Ҳамин тариқ, мувофиқи назари Хертсберг муносибат ба кор аз ду паҳлӯ бояд баррасӣ карда шавад. Мебояд муайян кард, ки корманд ба чӣ майл дорад ва чӣ ӯро хушҳол ва ё хушбахт мегардонад. Ҳамзамон, масъалаи дигар, ки аз якум бармеояд, – корманд аз чӣ дасткашӣ дорад, ки ӯро нохуш мегардонад. Мувофиқан василаҳои қонеъ гардонидани ин ду паҳлӯи / гуруҳи алоҳида ва баробари ба талаботи корманд вобастабуда бояд гуногун бошанд.
Тарзу усулҳои роҳбарӣ (Д. Макгрегор)
Назарияи Макгрегор аз ду қисмат авторитарӣ ва демократӣ иборат буда, вобаста ба сабабнокии / шавқангезии меҳнат дар идоракунӣ саҳми муносиб дорад. Ин ду қисматро муҳаққиқ шартан ба назарияи «Х» ва «У» ишора мекунад, ки дар ин ҷо назарияи «Х» – тарзи авторитарии роҳбариро бо назардошти назорати қатъӣ, маҷбур кардан ба меҳнат, муҷозот ва такя ба қадрдонии моддӣ ифода мекунад. Назарияи «У» бошад, тарзи демократии роҳбарӣ буда, истифодаи васеи қобилияти зертобеон, назорати фасеҳ, набудани маҷбурсозӣ, худназоратӣ, талош варзидан ба масъулиятнокӣ, ҳавасмандсозии маънавӣ, манфиатнокӣ дар меҳнат ва иштирок дар идоракуниро фаро мегирад.
Инчунин, назарияи мазкурро ба усулҳои идоракунии давраҳои пешин (классикӣ) ва муосир тавзеҳ додан мумкин аст. Дар давраҳои то асрҳои IXX – XX дар тамоми ҷаҳон асосан тарзи идоракунии «Х» истифода мегардид, яъне идоракунӣ бо усулҳои авторитарӣ – яккаҳокимиятӣ, маҷбуркунӣ, назорати қатъӣ ва ғайра ба роҳ монда мешуд, зеро барои аксари соҳибмулкон ва ё идоракунандагон тарзи иштирок ва ҳамфикрӣ дар идоракунӣ бегона буд. Дар ин ҷо сабабҳо зиёданд, аммо нуқтаи асосиро метавон ба паст будани сатҳи маълумотнокӣ ва дониши ҷомеа оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ рабт дод. Имрӯзҳо бошад, асосан тарзи идоракунии «У» ҳукмфармо мебошад ва сиёсати байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бештар демократикунонии муносибатҳоро дар идоракунӣ тақозо менамоянд, зерои ин принсип дар шароити имрӯза устуворӣ ва муваффақпазирии худро собит сохтааст.
Назарияи «Х» -ро бештар ба хислати идоракунии бевоситаи роҳбар вобаста кардан мумкин аст, чун роҳбар одатан машғули ғояҳои супоришӣ ва фармоишӣ буда, талаботи бевоситаи шахсияти корманд / зертоберо ба инобат намегирад, ки албатта ин хусусият ба номуккамалии фаъолият ва камфаъолӣ ва ё танназули иқтидори зеҳнии кадрӣ боис мегардад.
Дар акси ҳол бошад, – истифодаи назарияи «У» муваффақнокӣ дар фаъолият оварда мешавад, зимнан талаботи беш аз корманд, фаъолнокии зеҳнӣ, ташаббуснокӣ ва масъулиятнокии ӯ тақозо карда мешавад.
Ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ (П. Блау, Р. Мертон, Т. Парсон)
Саҳми П. Блау, Р. Мертон ва Т. Парсон дар омӯзиши идоракунӣ ба ҳамгироии фардӣ дар ҷараёни идоракунӣ асос меёбад. Маҷмӯи корҳои тадқиқотии ин муҳаққиқон ҳамчун асоси усули системавии таҳлили механизмҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ-психологии таъминоти устувори низомҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳо ва ҳамгироии шахсон дар ҷараёни идоракунӣ баромад менамояд. Зери таваҷҷуҳи тадқиқотчиён ҷанбаҳои институтсионалии амалҳои иҷтимоӣ дар доираи фаъолияти низомҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Дар умум ин ҷанбаҳо бавуҷудории талаботи дилхоҳро дар фаъолияти иҷтимоӣ, ба монанди рушди сохторҳои зарурии ташкилӣ бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқӣ ва маънавии танзимкунандаи рафтор ва мутобиқати иҷтимоии шахсият инъикос менамоянд. Ин усули омӯзиш боис гардид, ки дар сотсиологияи идоракунӣ қишрҳои тадқиқот, ба монанди «меъёри иҷтимоӣ», «муҷозоти иҷтимоӣ», «назорати иҷтимоӣ» ва ғайра зимни амал қарор дода шаванд.
Кибернетика (технологияи иттилоотӣ) дар идоракунӣ (Н. Винер, О. Эшбӣ)
Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мебояд иттилоъ дод, ки кибернетика – ин илм дар бораи омӯзиши қонунияти умумии низомҳои мураккаби идоракунӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар ҷараёнҳои идоракунӣ мебошад. Ҳамзамон, бинобар он ки асоси қабули ҳар як қарорро иттилоот ташкил медиҳад, кибернетикаро ҳамчун илм дар бораи қонунҳои умумии дастрасӣ, нигаҳдорӣ, таҳвил додан (пешниҳод кардан) ва дигаргун сохтани маълумот ба / дар низомҳои мураккаби идоракунӣ баррасӣ мекунанд.
Кибернетика имкониятҳо ва усулҳои илмии технологӣ ва принсипиалии ҳалли вазифаҳои идоракуниро дар ҳамаи низомҳои худидоракунӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ васеъ мегардонад. Ин илм зарурат ва аҳамиятнокии иттилоотро ҳамчун василаи муҳими идоракунӣ нишон дода, онро қисми ҷудонопазир дар ҷараёнҳои идоракунӣ баррасӣ менамояд.
Кибернетика масъалагузориро, на чун: «ин ва ё он масъала ё объект барои чӣ бояд идора карда шавад», балки ҳамчун «ин ва ё он масъала ё объект чӣ тавр бояд идора карда шавад» ба роҳ мемонад. Яъне, он тарзу усулҳои идоракуниро ба таври васеъ ва аз ҳама муҳим, мувофиқ ба талабот ва шароити ҷомеаи муосир меомӯзонад.
Низомҳои (системаҳои) иҷтимоӣ (Ч. Барранд, Г. Саймон)
Чӣ тавре аз таҳлили боло маълум мегардад, идоракунӣ ба ду давра: классикӣ ва муосир ҷудо мешавад. Назарияи классикӣ бештар ба манфиати ташкилот / корфармо масъалагузорӣ мекунад, аммо назарияи муосир, ки онро либералӣ ва ё демократӣ низ метавон ном бурд, бештар манфиати шахс / кормандро боло мегузорад, ки дар навбати худ, ин муносибат низоми иҷтимоӣ ва ё гуманистии (башардӯстии) идоракунӣ ном гирифта мешавад.
Дар рушди назарияи муносибатҳои инсонии сотсиологияи ташкилотҳо ва ё «даъвати гуманистӣ» Э. Мэйо, Д. Макгрегор ва А. Маслоу саҳми муносиб гузоштаанд.
Олимон дар натиҷаи озмоишҳо исбот карданд, ки ба маҳсулнокии меҳнат аз омилҳои иқтисодӣ-техникӣ дида, омилҳои иҷтимоӣ-писхологӣ таъсирноктар аст. Ин назарияро инчунин мумкин аст, ки ба ду муқаррароти дар боло овардашуда рабт дод: якум ба шакли классикии идоракунӣ ва дувум ба шакли муосири идоракунӣ. Яъне, классикон ба он назар буданд, ки самаранокии идоракунӣ зимни сохтори расмии идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати мушаххас, назорати қатӣ, яккасардорӣ ва ғайра таъмин мегардад. Аммо рақибони онҳо – олимони муосир бар он назаранд, ки самаранокии идоракунӣ дар ҳолати ғайрирасмикунонии сохтор, бахусус бо гуруҳҳои хурд, муносибати мутақобилаи одамон, назорати умумӣ, худназоратӣ, қадрдонӣ ё ҳавасмандгардонии гуруҳ (коллектив) ва ғайра таъмин карда мешавад.
Ташкилот (П. Блау, М. Фуко ва М. Вебер)
Дар роҳи таҳқиқи сохторҳои мураккаби иҷтимоӣ Питер Блау зарур донист, ки назарияи мубодиларо ба шакли муносибатҳои иҷтимоӣ мутобиқ намояд. Тибқи назарияи олим байни ҷамъиятҳои бузург ва гуруҳҳои хурд фарқият вуҷуд дорад.